Имрӯз, 10-уми июн дар Варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин бозӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад. Шабакаи телевизионии «Варзиш» вохӯрии мазкурро мустақиман пахш месозад.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027
Гурӯҳи «А». Даври 2-юм
10-уми июн | сешанбе
Оғоз – соати 16:00 ба вақти Душанбе
Филиппин – ТОҶИКИСТОН
Ню-Кларк-Сити, варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити»