Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Рӯзи 5-уми июн миллипӯшони меҳан бо яккачини Камбоҷа дар пойтахти ин кишвар шаҳри Пномпен вохӯрии дӯстона доир мекунад. Пас аз анҷоми бозии дӯстона тими миллии Тоҷикистон барои анҷоми рақобати интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Филиппин, ки 10 июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» баргузор мешавад, ба шаҳри Капаси Филиппин сафар мекунад.