То бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Филиппин ду рӯзи дигар мондааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба вохӯрии дарпешистода идома дода, тамринҳои навбатии худро дар Ню-Кларк-Сити анҷом дод.
Бозии Филиппин ва Тоҷикистон рӯзи 10 июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (16:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.