Собиқ бозигари дастаҳои «Реал Мадрид», «Ювентус» Фабио Каннаваро метавонад сармураббии нави тими миллии Италия шавад. Дар ин бора нашрияи The Athletic хабар медиҳад.
Қаблан мунтахаби Италияро Лучано Спаллетти раҳбарӣ мекард. Ин мураббӣ баъди бозӣ бо Норвегия дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 (0:3) аз истеъфои худ хабар дода буд. Номзадҳои дигар ба вазифаи сармураббии тими миллӣ Клаудио Ранйери ва Стефано Пиоли мебошанд.
Айни замон ҷои кори охирини Каннаваро Динамо Загреб мебошад. Мутахассис бо ин даста аз декабри соли 2024 то апрели соли 2025 кор кардааст.
Ҳоли ҳозир мунтахаби Италия дар гурӯҳи I (бо 0 хол) дар ҷои чаҳорум аст.