LIVE

Сафири Тоҷикистон дар Қатар аз тамринҳои футболбозони тоҷик дидан кард

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ аз тамрини тими миллии футболи Тоҷикистон, ки дар Давҳа ҷараён дорад, боздид кард. Ин тамринҳо дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои моҳи июн баргузор мешаванд.
Зимни боздид Сафир ба бозингарон ва ҳайати мураббиёни мунтахаби кишвар дар бозиҳо бар зидди Камбоҷа (5 июн) ва Филиппин (10 июн) барору комёбӣ орзу намуд.
Чунин боздидҳои дипломатҳои кишвар аҳамияти дастгирии тимҳои миллии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таъкид менамоянд.
Қайд кардан зарур аст, ки омодагии якачини Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа то 1-уми июн идома хоҳанд ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив