LIVE

Анҷомёбии тамринҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Қатар

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Давҳа як рӯзи дигарро сипарӣ кард.
Баробари наздик шудани хотимаи ҷамъомади таълимӣ дастаи мо ба реҷаи яквақта – машқ бегоҳӣ гузашт. Пеш аз оғози тамринҳои имрӯза даста мураббии яккачини кишвар Алифбек Беромовро бо  40-солагӣ самимона табрик намуд.
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари тими ССКА-1948-и Булғористон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба ҳайати мунтахаби кишвар пайваст. Нимашаб ҳамлагари «Андиҷон» Шаҳром Самиев низ ба даста шомил шуд. 2-юми июн, дар рӯзи ниҳоии тамринҳо ҳимоятгари тими «Персеполис»-и Эрон Ваҳдат Ҳанонов ба сафи тими миллии кишвар ҳамроҳ мешавад. Бозигарони боқимонда – ҳимоятгарон Зоир Ҷӯрабоев ва Манучеҳр Сафаров («Нефтчӣ», Ӯзбекистон) ва нимҳимоятгар Фатҳулло Олимзода («Атирау», Қазоқистон) дар Урдун ба тими миллии Тоҷикистон  мепайванданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив