LIVE

Де Брюйне намехоҳад дар Ҷоми ҷаҳонии клубҳо дар сафи «Ман Сити» бозӣ кунад

Нимҳимоягари "Манчестер Сити" Кевин Де Брюйне эълон кард, ки нияти бозӣ дар дастаи феълияш дар чемпионати бошгоҳии ҷаҳоонро надорад. Шартномаи бозигари белгиявии 33-сола бо «Сити» санаи 30-юми июн ба охир мерасад ва пас аз он ӯ дастаро тарк мекунад.
"Фикр мекунам, ки ман бояд худамро эҳтиёт кунам, зеро агар дар Ҷоми ҷаҳонии клубҳо маҷрӯҳ шавам, пас чӣ мешавад? Дар ҳоли ҳозир, касе ба ман ғамхорӣ намекунад. Ҳамин тавр, ба эҳтимоли зиёд, ман дар ин мусобиқа бозӣ намекунам. Аз ҷониби дигар кӣ медонад, шояд, ки бозӣ мекунам", - иқтибос меорад ESPN аз суханони Де Брюйне.
Чемпионати ҷаҳонии бошгоҳҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз рӯзи 15-уми июн то 13-уми июл баргузор мешавад."Манчестер Сити" дар марҳилаи гурӯҳӣ бо "Видад" (Марокаш), "Ал-Айн" (АМА) ва "Ювентус" (Италия) бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив