Нимҳимоятгари тими “Манчестер Сити” Кевин де Брюйне пас аз пирӯзӣ дар бозии даври 19-уми Премер-лигаи Англия зидди “Лестер” (2:0) дар бораи силсилабозиҳои номуваффақи даста изҳори назар кард.
Англия - Премер-лига. Даври 19-ум
29 декабри соли 2024, якшанбе. Соати 19-30 бо вақти Душанбе
“Лестер Сити” (Лестер) 0 : 2 “Манчестер Сити” (Манчестер)
0:1 Савио – 21' 0:2 Холланд – 74'
"Барои баъзе бозигарон ин воқеан душвор аст, ки мавсим ҳамин тавр гузашт. Чор ҳафтаи аввал хуб буд ва баъд мо ба як марҳилае ворид шудем, ки бароямон мушкил ва бозигарон ва ҳад зиёд бозӣ мекарданд.
Аммо онҳо маҷбур буданд, ки ин корро кунанд, зеро агар шумо ягон ивазкунандаи дигар надошта бошед, Шумо бояд бозӣ кунед. Онҳо ин бори гаронро ба дӯш гирифтанд, ва умедворем, ки дар соли нав нафарони дигар бармегарданд ва мо ҳамчун як даста дубора ба марҳилаи хуби хеш бармегардем. Ин бароямон кӯмак хоҳад кард.
Ман фикр мекунам, ки Пеп аз ҳолати маъмулӣ каме афсурдатар буд, аммо фикр намекунам, ки ин таъсири зиёд дошт. Пас аз лаҳзаи бад шумо худро тағир дода наметавонед.
Мо бисёр лаҳзаҳои хуб доштем ва медонем, ки чӣ гуна дар вохӯриҳо ғалаба кунем. Аммо дар ҳоли ҳозир мо пирӯз нашудем, ин ҳодисаҳо рух медиҳанд ва бояд иқрор шуд, ки рақибон низ хубанд ва эҳтимолан дар ҳолати беҳтар ҳастанд. Шумо бояд кори худро иҷро кунед, мо ин корро карданӣ ҳастем ва умедворем, ки вазъ беҳтар мешавад"- овардааст Daily Mail аз суханони Де Брюйне.
Ёдовар мешавем, ки «Ман Сити» дар дар зинаи шашуми ҷадвали Премер-лигаи Англия қарор дорад ва аз тими пешсаф «Ливерпул» 14 хол камтар дорад.
