LIVE

Де Брюйне: “ФИФА ва УЕФА танҳо фикри маблағро мекунанд, на футболбозро”

Нимҳимоятгари ҳуҷумкори дастаи “Манчестер Сити” Кевин де Брюйне дар мавриди тақвими бениҳоят зичи бозиҳо ва мусобиқаҳо ҳарф зад.
 “Мавсимҳо дарозтар ва дарозтар мешаванд. Шояд дар ин мавсим ҳама чиз хуб шавад, аммо бо назардошти Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, тақвим боз ҳам мушкилтар мешавад. Баъзе иттифоқҳои касаба кӯшиш карданд, ки роҳи ҳалли масъаларо пайдо кунанд, аммо ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст. УЕФА ва ФИФА ба ин парво надоранд, зеро онҳо танҳо ба маблағ аҳамият медиҳанд - на чизи дигар! — аз суханони Де Брюйне иқтибос меорад RTBF.
Дар мавсими имсола Де Брюйне дар чор бозии ҳама мусобиқаҳо ширкат карда, дар онҳо як гол ва як ассист анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив