Дар доираи бозии даври 9-уми лигаи олии Тоҷикистон-2025 «Равшан» ба қаҳрамони феълии кишвар - «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 зафар ёфт. Ин ҳам нахустин бохти дастаи душанбегӣ дар мавсими ҷорӣ гардид. Бозӣ дар шаҳри Кулоб сурат гирифт.
Ба шарофати ин пирӯзӣ ва мусовии «Вахша» дар рақобат зидди «Ҳулбук» «Равшан» кабуди имтиёзҳоро нисбати дастаи қаҳрамон ба ду адад расонид ва ба садри ҷадвали чемпионат наздик шуд.
Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кулоб қариб 17 ҳазор мухлиси шоҳиди пирӯзии дастаи мизбон шуданд.
