LIVE

«Болоня» бо шикасти «Милан» ғолиби Ҷоми Италия гардид

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Италия тимҳои “Милан” ва “Болоня” вохӯрданд. Дастаҳо дар варзишгоҳи Олимпикои шаҳри Рим бозӣ намуда, футболбозони «Болоня» мухлисони хешро бо ғалабаи 1:0  шод карданд.
Ҷоми Италия. Финал
Панҷшанбе, 15 майи соли 2025. 00:00 ДШБ
“Милан” (Милан) 0:1 “Болоня” (Болоня)
0:1 Н'Дойе – 53'
Дар дақиқаи 53-юм ҳамлагари «Болоня» Дан Н'Дойе ҳисобро боз кард ва ин голи ягона ҳам пирӯзиовар барои тимаш гардид.
Ҳамин тариқ, “Болоня” барандаи Ҷоми Италия гардид ва дар таърихи худ танҳо барои севумин бор ин ҷомро ба даст овард. Охирин пирӯзии «Болоня» дар Ҷоми Италия дар мавсими 1973/1974 буд. “Милан” бошад сар аз мавсими 2002/2003 инҷониб Ҷоми Италияро ба даст наовардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив