Бозии даври 28-уми мавсими Про-Лигаи Арабистони Саудӣ 2024/2025, ки дар он дастаҳои «Ал-Фотеҳ» (Ал-Мубарраз) ва «Ал-Иттиҳод» (Ҷидда) вохӯрданд, ба анҷом расид. Вохурй бо ғалабаи соҳибони майдон — 2:0 сипарӣ ёфт.
Арабистони Саудӣ – Про-лига. Даври 28-ум
17 апрели соли 2025, панҷшанбе. 23:00 ДШБ
“Ал-Фотеҳ” (Ал-Мубарраз) 2:0 “Ал-Иттиҳод” (Ҷидда)
1:0 Амин Сбаӣ – 10’ 2:0 Варгас – 69'
Ҳисобро дар дақиқаи 10-уми бозӣ ҳамлагари «Ал-Фотеҳ» Амин Сбай кушод. Матиас Варгас дар дақиқаи 69-ум голи дувумро зада, бартарии дастаашро дучанд намуд. Ҳарду даста дар нимаи аввал аз зарбаи пеналтӣ гол зада натавонистанд.
«Ал-Фотеҳ» баъди 28 даври мусобиқа бо 29 имтиёз дар ҷои 13-ум ҷойгир аст. «Ал-Иттиҳод», ки дар ҷои аввал аст, айни ҳол 65 имтиёз дошта, 4 имтиёз бар «Ал-Ҳилол» бештар дорад.