Ҳамлагари мисрии дастаи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ дар бозии даври 26-уми Премйер-Лигаи Англия муқобили “Манчестер Сити” 1 гол ва 1 паси головар анҷом дод ва аввалин бозигаре шуд, ки дар ду мавсими чемпионати Англия 40+ гол ва ассист анҷом додааст. Дар ин бора Squawka дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар додааст.
Салоҳ тавонист бори аввал ин корро дар мавсими 2017/2018 анҷом диҳад, ки 42 имтиёз ба даст овард. Футболбоз айни замон дар ин мавсими Чемпионати Англия 25 гол ва 16 ассист дорад.
Дар мавсими ҷорӣ Муҳаммад Салоҳи 32-сола дар ҳайати даста дар тамоми мусобиқаҳо 38 бозӣ анҷом дода, ба задани 30 гол ва 21 партофти головар даст ёфтааст.