Бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” омодааст бо ниммуҳофизатгари 39 солаи хорватӣ Лука Модрич то тобистони соли 2026 тамдид кунад. Дар ин бора рӯзноманигор Николо Скира хабар додааст. Шартномаи қаблии бозигар то тобистони мавсими имсола амал мекард.
Тибқи иттилои сарчашма, худи Модрич мехоҳад, ки дар “Реал Мадрид” боқӣ монад. Ҳадафи Модрич ин бозӣ кардан дар Ҷоми Ҷаҳонии соли 2026 мебошад.
Модрич аз соли 2012 дар дастаи “Реал Мадрид” бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар 573 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо ширкат карда, ба задани 42 гол ва 92 партофти головар расонидааст.
Ёдовар мешавем, ки 23-юми феврал Модрич дар бозии даври 25-уми Ла Лига муқобили “Жирона” голи зебое зада, ҳисобро кушода буд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди тими шаҳри Мадрид анҷом ёфт.