LIVE

“Хуҷанд" барои ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ ба шаҳри Тошканд сафар намуд

18-уми феврал ҳайати 28 нафараи тими футболи “Хуҷанд", аз ҷумла 22 нафар бозингар ва 6 нафар ҳайати ситоди мураббиён бо мақсади тамрин ва табодули таҷриба ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар намуд.

Ҳайати футболбозонро Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд гусел намуданд.

Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо мураббиёну бозингарон иброз дошт, ки бояд тими “Хуҷанд” дар мавсими имсолаи футбол бозии худро куллан дигар кунад ва роҳбарияти клубу мухлисон умедвориҳои зиёд аз ин даста доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми 10 рӯз тими “Хуҷанд" дар майдони сунъии Академияи футболи ба номи Одил Ахмедови шаҳри Тошканд ба тамрин машғул гардида, бо дастаҳои “Арал, “Сарду” ва Сурхон”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон бозии рафиқона анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсолаи футбол ба тими "Хуҷанд” 8 нафар бозингарони нави ботаҷриба шомил гардидаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив