LIVE

"Хуҷанд" ҳам дар Туркия машқҳои дастаҷамъӣ мегузаронад

Дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и маркази вилояти Суғд мулоқоти Раиси вилоят   Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони бошгоҳи “Хуҷанд” доир шуд. Раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста иброз дошт, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтаззам дастгирӣ менамояд.
Дар доираи чунин дастгириҳо бозингарони дастаи “Хуҷанд” бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Туркия сафарбар карда мешаванд. Бозингарони “Хуҷанд” давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд.
Таъкид гардид, ки минбаъд дастаҳои футболи “Эсхата” ва “Истаравшан” низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд. Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар Лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив