Дар доираи бозии даври нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 дастаҳои “Истиқлол” –и шаҳри Душанбе ва “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 анҷом ёфт.
Аз ҳайати тими шаҳри Душанбе дар дақиқаҳои 18-ум ва 75-ум Манучеҳр Ҷалилов голҳоро ба самар расонид. Дар финали мусобиқа ҳамакнун, ду дастаи шаҳри Душанбе – “Истиқлол” ва КМВА рӯзи 22-юми феврал бозӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки барандаи Ҷоми Федератсия бар иловаи ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт хоҳад кард. Ғолиби медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.