Дар доираи бозии даври нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 дастаҳои КМВА –и шаҳри Душанбе ва “Сомон”-и ноҳияи Данғара ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар майдончаҳои захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналтӣ тими шаҳри Душанбе бо ҳисоби 4 бар 3 ғалаба карда, ба финал баромад.
Аз ҳайати КМВА Абомо дар дақиқаи 41-ум ва аз ҳайати “Сомон” Собирҷон дар дақиқаи 53-юм голҳоро ба самар расониданд. Далер Чолов аз ҳайати “Сомон” ва Франкойс аз ҳайати КМВА дар дақиқаи 77-ум корти сурх гирифтанд.
Дар финали мусобиқа КМВА бо ғолиби ҷуфти “Истиқлол” ва “Панҷшер” рӯзи 22-юми феврал бозӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки барандаи Ҷоми Федератсия бар иловаи ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт хоҳад кард. Ғолиби медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.