Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти хабар дод, ки бозигарони қаблан ҷароҳатбардошта Лукас Васкес, Антонио Рюдигер ва Давид Алаба метавонанд дар бозии дуюми марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо муқобили “Манчестер Сити” ба майдон бароянд.
“Онҳо беҳтар шуда истодаанд. Имрӯз аллакай онҳо дар тамринҳо омодагиҳоро барои бозии дарпешистода доир мекунанд. Ҳамаашон ба бозӣ бо “Манчестер Сити” омода мебошанд” – аз суханони Анчелотти нашрияи AS иқтибос овардааст.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали марҳилаи плей-оффи Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Манчестер Сити” бо пирӯзии дастпарварони Карло Анчелотти бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт. Вохӯрии дуюми рӯзи 19 –уми феврал дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и шаҳри Мадрид доир мешавад.