LIVE

Асрори ноҷурии Мбаппе бо ПСЖ ва овозаҳо атрофи гузариши Golden Boy-2017 ба "Реал Мадрид"

Саргармиҳои хоссаи кори бозори тобистонӣ пас аз гузаришҳои таърихии Месси ва Роналду ин гузариши    анҷомнашудаи Килиан Мбаппе ба Мадрид ба ҳисоб мерафт,ки ПСЖ аз 180 миллион евро ваъдашуда бенасиб шуду орзӯи дерини пироҳани ҷониби "бланкос"-ро ба бар намудани Мбаппе дигарбора ба таъхир афтод.   Мбаппе бошад ахиран ба қавли мардум кафиду   аз оне сухан зад,ки тобистон аз даста рафтанӣ буд, вале ПСЖ ӯро ҷавоб надодааст. Дар мусоҳибаи баҳсбарангеҳи ахири худ Мбаппе  изҳор намуд, ки эҳтимолан дар Париж кораш тамом ҳасту аллакай ба Мадрид кӯчбандӣ мекунад, валекин модари Мбаппе Файза Ламари бошад аз он   гуфт,ки онҳо бо ПСЖ гуфтугӯ доранд ва кулли чиз дар бораи тамдидкунии шартномаи навин бо парижиҳо ба хубӣ пеш меравад.   



Вале бар замми ин гирдбоди шадиди овозаву дарвозаҳои бози ғайбатҳо сари Мбаппе,ки солиёни зиёд боз дар орзӯи пӯшидани пироҳани шоҳона мебошад, ба дараҷае атрофи хешро чангу ғубор гирд овардааст,ки дигар на суханҳои атрофиёнаш пинҳон монду на даъвоҳои ҷонибҳои даргир.  Дақиқтар агар ҳарф занем  пас аз пешорӯи ҳамагон овардани суханони Файза Ламари метавон гуфт,ки модари Мбаппе дар орзӯи  мондани писараш дар ПСЖ буда, худи Мбаппе аллакай дар хаёлаш кайҳо боз дар Мадрид аст, замоне,ки директори варзишии ПСЖ Леонардо  бо президенти "Реал Мадрид" Флорентино Перес танишҳои лафзӣ эълон кардаст. 



Ҷониби Бланкос бошад расман ба Мбаппе    шартномаи шашсола бо маоши солонаи 40 млн евро пешниҳод кардааст, дар ҳоле,ки пешниҳоди ҷадиди ПСЖ худ қарордоди нави панҷсола бо маоши 36 миллиона мебошад.      Аз тобистон ҳануз Парижу Мадрид аз барои қаҳрамони феълии ҷаҳон ва аллакай дорандаи унвони қаҳрамони Лигаи Миллатҳо дар ҷанганду  мадридиҳо Парижро бо оне айбдор мекарданд,ки   онҳо ба фаронсавии ҷавон  фишор  меоранду   нархро аз 160 ба 200 млн боло бурданду  сипас дар фурсатҳои охирин аз гуфтушунидҳо баромаданд.  ПСЖ бошад   ба қавли  Лекюпе бар он аст,ки "Реал" шартҳо оиди харидории Мбапперо иҷро накард. Дар ин миён журналист Николо  Скира мегӯяд, ки онҳо пешниҳод дар ҳаҷми 215 млн-ро интизор буданд, аммо ахиран ба ин розигии "Реал" ҳам ҷавоби рад доданд, аммо аз ҷониби дигар Киллиан Мбаппе чун футболбози озод аз моҳи январи соли 2022 метавонад бо дилхоҳ тим дар  хусуси шартномаи навин гуфтушунидҳоро оғоз кунад.   



Ҳамзамон ҳамватани Мбаппе ва бозингари "Реал Мадрид"   Карим Бензема бошад гуфтааст,ки  Мбаппе дар сафи "Реал"  бозӣ мекунад ва ин танҳо суоли вақт аст: "Ӯ худ дар ин бора гуфт ва   албатта боре ӯ дар сафи Реал бозӣ мекунад",  -гуфтааст Карим дар вақти мусоҳиба бо  L’Equipe.  


Хуллас,ки Килиан Мбаппе эҳтимолан аз Париж ба самти Мадрид меравад,вале то ҳол маълум нест, ки чунин гузариши пурсарусадо кай амалӣ мешавад, чаро ки аз имзокунии шарномаи навин бо дастаи феълияш ҳатто бо пешниҳоди маошҳои бамаротиб бештар ҳам Мбаппе чандинбораҳо даст кашидааст.  Аз ҷониби дигар  дар бозор дилхоҳ кор шуданаш мумкин аст ва танҳо бо интизорӣ ба фурсати кор кулли чиз маълум хоҳад шуд. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив