LIVE

«Барселона» дар гирдоби қарзҳои бузург! Магар,ки даста муфлис мешавад?

«Барселона» дар сомонаи расмии хеш ҳисоботи солонаи молиявиро мунташир кардааст, ки мувофиқи он қарзи бошгоҳи каталонӣ қариб 730 млн евроро ташкил дода, кулли қарзҳои нилунориҳо бошад ба 1,2 млрд расидааст. Ҳикоя мекунем,ки вазъи иқтисодии бошгоҳҳои бузурги аврупоие,ки дар гирдоби қарҳзо ғутавар шудаанд чӣ тавр аст.  

                                                «Барселона» аз кӣ ва чанд пул қарздор аст?

Масрафиётҳои аз ҳама бузурги бошгоҳӣ ба фонди машҳои корӣ рост меояд,ки   74%-и буҷаи бошгоҳиро ташкил медиҳад. Дар «Барселона» аз шартномаи бозингарон сахт нигаронӣ намуда, айнан ҳамин вазъ ба таъхиргузори гуфтушунидҳо дар мавриди шартномаҳои навин ва камкунии маоши бозингарон аз оғози даврони пандемия расонид.  Илова бар ин тибқи маълумоти нашрияи испании COPE бошгоҳи каталониро зарур омад, ки аз бонк қарзи кредитӣ гирад, то  пардохти маоши нимсолаи бозингаронро  анҷом диҳад. «Барса» маоши бозингаронро дар моҳи декабр напардохта буду ваъда кардааст,ки дар моҳи феврал қарздориро дар ин самт пурра ҷуброн мекунад.   
Роҳбарияти тими нилунорӣ то ҳол аз бошгоҳҳои дигар   126 млн евро аз барои иртиботҳои трансферӣ қарздор буда, маҳз ҳамин гузаришҳо  дар солҳои ахир анҷом дода шудаанд. Масалан «Барселона» то ҳол 29 млн евро аз «Ливерпул» барои харидории   Филиппе Коутинйо қарздор буда, 16 млн евро аз «Аякс» баҳри Френки де Йонг, 10 млн аз «Бордо» ба хотири Малком, 21 млн евро аз «Гремио» барои  Артур  ва  11 млн евро  аз «Бавария» барои Артуро Видал қарздор аст. Се футболбози ахир бошад аллакай дар бошгоҳи каталонӣ баромад намекунанд ва ҳар як қарз аз барои ин бозингарон бошад то санаи 30-юми июни ҳамин сол мӯҳлат дорад. 

Чӣ тавр бошгоҳ ин мушкилро ҳал мекунад?

«Барселона» мавсими солҳои 2019/2020-ро бо қарзи тозаи 488 млн евро анҷом дод ва бошгоҳ умед бар он дорад,ки то санаи 30-уми июни соли ҷорӣ пардохти қарзҳоро ба дарозо кашад. Бахше аз қарздиҳандагон аллакай ба чунин раванди кор розӣ шуда, бошгоҳ бошад айни ҳол бо қарздиҳандагони дигар дар хусуси ба таъхир гузоштани мӯҳлати қарздиҳӣ гуфтушунидҳо бурда истодааст.  Новбаста ба бадшавии вазъи иқтисодии бошгоҳ  «Барселона» тавонист,ки мавсими  2019/2020-ро бо даромади аз ҳама бештарин анҷом диҳад ва ин ҳам 715,1 млн евроро ташкил додааст тасдиқ мекунад ширкати байналмилалии консалтингии  Deloitte. Пас аз инунориҳо дар раддабандии ин ширкат   «Реал Мадрид» бо даромади (714,9 млн), «Бавария» бо фоидаи (634,1 млн), «Манчестер Юнайтед» (580,4 млн) ва  «Ливерпул» (558,6 млн) мебошад. Бар замми ин роҳбарияти  «Барселона» ният дорад, ки дар ҳамин мавсими мухлисонро ба варзишгоҳ баргардонад ва аз фурӯши чиптаҳо  бояд,ки қисмати асосии барқарорсозии бошгоҳӣ бигардад.  Эҳтимол мерафт,ки баргардонидани мухлисон ба  «Камп Ноу» дар ҳамин мавсим ба тими каталонӣ 56 млн евро фоида меорад, дар ҳоле, ки иштироки онҳо дар минбарҳо танҳо 25% аз ғунҷоиши умумӣ дар моҳи феврал ва   50% аз моҳи май ташкил медиҳад.
Аммо санаи баргардонидаи мухлисон ба  «Камп Ноу» то ҳол маълум набуда, аз ин рӯ нақшаи  роҳбарияти   «Барселона» дар фурсатҳои наздик амалӣ нахоҳад шуд. Ҳамин тариқ бошгоҳ аз даромади асосии эҳтимолии худ маҳрум шудааст.  Нақши асосиро дар мавҷудияти минбаъдаи бошгоҳи каталонӣ бояд,ки интихоботи президенти бошгоҳ мегузорад, ки ба хотири коронавирус аз санаи 24-уми январ ба санаи 7-уми март гузаронида шуд. Дар вазифаи президенти бошгоҳӣ бошад пас аз истеъфои Жозеп  Бартомеу  се номзади дигар даъвогаранд ва инҳо ҳам  Жоан Лапорта, Виктор Фонт ва Тони Фрейша мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив