LIVE

 Бохти дуюми футзалбозбонувони тоҷик дар чемпионати CAFA-2025

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон даври сеюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби футзали занона зери роҳнамоии мутахассиси маҳаллӣ Баҳром Ёрматов бо тими Туркманистон бозӣ кард.

Вохӯрии мунтахабҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 0 бар 1 ба суди тими мунтахаби Туркманистон анҷом ёфт. Мая Мусаская аз ҳайати Туркманистон беҳтарин бозигарӣ вохӯрӣ эътироф гардид.

Дар даври чаҳорум Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ва Туркманистон бо Эрон бозӣ мекунанд. Бозии дастаҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе барпо мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки Туркманистон дар даври аввал бо Қирғизистон мусовӣ (1:1) ва дар даври дуюм аз Ӯзбекистон бо ҳисоби 3 бар 6 мағлуб шуда буд. Тоҷикистон дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм аз Қирғизистон бо ҳисоби 3 бар 0 ноком шуда буд.

Соли гузашта, дар Душанбе дар мусобиқаи мазкур дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон зери роҳнамоии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшориро бадтарин натиҷаро нишон дода, бидуни имтиёз дар зинаи охир маскан гирифта буд. Эрон ғолиб, Ӯзбекистон медалҳои нуқра ва Қирғизистон соҳиби нишонҳои биринҷӣ шуда буданд.

Тоҷикистон ва Туркманистон соли гузашта дар мусобиқаи CAFA дар даври сеюм ба ҳам омада буданд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 4 бар 1 ба фоидаи дастаи Туркманистон анҷом ёфта буд.

Ёдовар мешавем, ки чорумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби футзали занона аз 9 –ум то 16-уми феврал дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар мусобиқа тимҳои футзали занонаи панҷ кишвар – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ширкат доранд. Мусобиқа дар як марҳила баргузор мешавад.

Дастаи Эрон қаҳрамони секаратаи мусобиқаи мазкур маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив