Дастаи «Соро компания» дар даври 12-уми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал бо тими «Сомон» дидор анҷом дод. Бозии дастаҳо дар Маҷмааи варзишии Донишгози миллии Тоҷикистон доир гардида, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди “Соро компания” анҷом ёфт.
Дар ин рақобат Дилшод Саломов дар дақиқаи 5-ум ва Ҳуго Алвес Кардоза дар дақиқаи 39-ум ба задани голҳо мушарраф гардиданд. Ин пирӯзии 10-уми “Соро компания” дар мавсими имсолаи Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал буд.
Ҳоло бо гузораи 12 давр бошгоҳи “Соро компания” бо дарёфти 30 имтиёз садрнишини ягонаи ҷадвали умуми Суперлига мебошад.