LIVE

Вирҷил ван Дейк оиди ояндааш дар сафи "Ливерпул" ҳарф зад

Ҳимоятгари марказии «Ливерпул» Вирҷил ван Дейк оиди 300 бозии худ ва ояндаи худ дар ҳайати дастааш  сухан гуфт. Ёдовар мешавем, ки 300-умин бозии ӯ бо “Ипсвич” (4:1) паси сар шуда буд.
Англия - Премьер-лига. Даври 23-юм
25 январи соли 2025, шанбе. 20:00 бо вақти Душанбе
“Ливерпул” (Ливерпул) 4:1 “Ипсвич Таун”  (Ипсвич)
1:0 Собослаи – 11’     2:0 Салоҳ – 35’     3:0 Гакпо – 44’     4:0 Гакпо – 66’     – 4:1 Гривс
«Хеле ифтихор дорам. Оилаи ман ва фарзандонам дар ин бозӣ буданд ва аз ин рӯ ин як рӯзи махсус аст. Шояд ману занам барои ҷашнгирии ин як пиёла майи сурх бинӯшем. Аммо ба ҳамин тамом. Тамоми диққат ба бозии оянда нигаронида шудааст.
Рӯзе  фаро мерасад, ки ман оиди ҳама чизҳоеро, ки дар “Ливерпул” бо ман рӯй дода буд, фикр мекунам. Умедворам, ки маро боз бисёр чизҳои хуб интизоранд», - гуфта буд ван Дейк пас аз бозӣ ба Liverpool Echo.
Қаблан дар расонаҳо оиди таваҷҷӯҳ нисбати ин бозигари 33-сола аз ҷониби тимҳои Арабистони Саудӣ маълумот пайдо шуда буд.  Мӯҳлати шартномаи феълии бозигари нидерландӣ то охири мавсими ҷорӣ аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив