«Вест Хэм Юнайтед» дар сомонаи расмии худ оиди таъини мутахассиси англис Грэм Поттер ба вазифаи сармураббии бошгоҳ хабар дод.
«Вест Хэм Юнайтед» аз он хушнуд аст, ки Грэм Поттерро ба ҳайси сармураббии нави даста истиқбол мегирад.
Мутахассиси 49-сола бо “гурзгарон” шартномаи дуву нимсола ба имзо расонд ва бори аввал, вақте ки "тими оҳанин" ба бозии даври сеюми Ҷоми Англия зидди "Астон Вилла" сафар мекунад, ӯ дастаи нави худро идора хоҳад кард.
Менеҷери хеле мӯҳтарам ва серталаб, Поттер пас аз тарк кардани вазифаи охирини худ дар Челси дар моҳи апрели соли 2023 фурсати муносибро интизор буд. Ӯ аз ҷониби шӯрои директорон якдилона интихоб карда шуд, то клубро мувофиқи ҳадафҳо ва орзуҳои он пеш барад ”- гуфта мешавад дар изҳороти бошгоҳӣ.
Қобили қайд аст, ки чанде пеш сармураббии испании ин тим Юлен Лопетеги аз кор ҷавоб дода шуда, «Вест Хэм Юнайтед» дар ҷои 14-уми ҷадвали чемпионати Англия қарор дорад.