Хабарнигори маъруф Фабрисио Романо дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Твиттер) хабар медиҳад, ки нимҳимоятгари 33-солаи колумбиявӣ Хамес Родригес шартномаашро бо бошгоҳаш қатъ кард ва «Райо Валйекано»-ро ҳамчун агенти озод тарк кард.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки бозигари колумбиявӣ метавонад бозигари тими “Америка” аз Мексика шавад.
Ёдовар мешавем, ки бозигар дар аввали мавсими ҷорӣ ба "Райо Валйекано" пайваст. Дар мавсими ҷорӣ футболбоз дар ҳайати бошгоҳи испанӣ дар ҳафт бозӣ ширкат карда, дар тӯли 205 дақиқаи буданаш дар майдон ҳамагӣ як ирсоли голӣ дорад.
Қаблан хамес дар сафи «Реал Мадрид», «Бавария» ва дигар бошгоҳҳо бозӣ кардааст.