Бозигарони тими миллии Косово аз идома додани бозии Лигаи Миллатҳо муқобили Руминия, ки шаби 15-ум ба 16-уми ноябр дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор шуд, худдорӣ карданд.
Лигаи Миллатҳои УЕФА. Лигаи C. Гурӯҳи 2. Даври 5-ум
16-уми ноябри соли 2024, шанбе. Соати 00-45 бо вақти Душанбе
Руминия 0 : 0 Косово (бозӣ идома наёфт)
Бозии мазкур то огоҳии минбаъда бо сабаби рӯйдодҳои сиёсӣ боздошта шудааст.
Қазия дар дақиқаҳои иловашуда ба нимаи якум вақти ҳисоби 0:0 рух дода буд. Қабл аз ин дар майдон Денис Алибекии руминӣ ва бозигари Косово Албион Раҳманӣ низоъ ба амал омада, ки он ба задухӯрди бозигарони ҳардуи даста табдил ёфт.
Меҳмонон аз шиорҳои тарафдорикунандаи Сербия дар минбарҳо ва инчунин партофта шудани ашёҳои ҳархела ба ҷониби дарвозабони меҳмон Арианет Мурич аз ҷониби мухлисон изҳори норозигӣ карданд.
Ҳамчунин оиди будани парчами Сербия дар минбарҳо низ гузориш дода шуд. Ҷамъияти интернетии Kosovo Football бо такя ба маълумоти рӯзноманигор Арлинд Содиқ иддао дорад, ки мухлисони руминӣ вақти шиорҳои “Сербия, Сербия!” -ро садо мекардаанд. Дар натиҷа бозӣ то ба охир идома наёфт.