LIVE

Шашумин бохти паиҳами дастаи Далер Кузяев дар чемпионати Фаронса

Бозии даври 9-уми чемпионати Фаронса бо ширкати дастахои «Ренн» ва «Гавр» дар варзишгоҳи Роазон Парк дар Рен доир шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт.
Фаронса - Лигаи 1. Даври 9
25-уми октябри соли 2024, ҷумъа. Соати 23-45 бо вақти Душанбе
“Ренн” 1:0 “Гавр”
1:0 Гомес – 54'
Корти сурх: Опери – 90+5'
Дар дақиқаи 54-ум голи ягонаи дидорро ҳамлагари тими «Ренн» Карлос Андрес Гомес ба самар расонд.
Ин мағлубият шашумин бохти паиҳам барои «Гавр» дар чемпионати Фаронса буд. Пас аз нӯҳ бозии Лигаи 1  “Гавр” шаш имтиёз дорад ва дар ҷои 16-ум қарор дорад. Ренн пас аз чанд вохӯрӣ 11 имтиёз ба даст оварда, дар ҷои ҳаштум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар сафи дастаи “Гавр” нимҳимоягари тоҷиктабори мунтахаби Россия Далер Кузяев баромад мекунад.
Манбаъ: "Чемпионат"

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив