LIVE

Килиан Мбаппе вақти сафари ҷанҷолӣ ба Стокҳолм 100 ҳазор евро масраф намуд

Ҳамлагари тими мунтахаби “Реал Мадрид” ва мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе вақти сафари пурмоҷаро ба Стокҳолм 100 ҳазор евро сарф кард, хабар медиҳад нашрияи  RMC Sport бо истинод ба L'Equipe. Килиан панҷ рӯз дар пойтахти Шветсия монда буд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълумоте пайдо шуда буд, ки Мбаппе ҳангоми сафараш ба Стокҳолм амали дорои характери таҷовуз ба номус анҷом додааст.  
Мбаппе тобистони соли гузашта ба “Реал Мадрид” гузариш анҷом дода буд. Дар ин муддат футболбози фаронсавӣ дар 11 бозӣ ширкат карда, ба задани ҳафт гол ва як партофти головар муваффақ шудааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив