Ҳамлагари тими саудии “Ал-Наср” ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду голи худро дар бозии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё зидди тими “Ал-Раян” (2:1) ба падараш бахшид.
Лигаи қаҳрамонҳои элитаи КФО. Минтақаи Ғарб. Даври 2-юм
30-юми сентябри соли 2024, Душанбе. 23:00 бо вақти Душанбе
“Ал Наср” (Арабистони Саудӣ) 2:1 “Ал Райян” (Қатар)
1:0 Мане – 45+1' 2:0 Роналду – 76' 2:1 Круг – 87'
Роналду дар дақиқаи 76-уми бозӣ голи пирӯзиовари бозиро ба самар расонид.
“Голи имрӯза таъми махсус дорад. Ман мехостам, ки падарам зинда бошад, зеро имрӯз зодрӯзи ӯ аст”, -иқтибос меорад хабаррасон Фабрисио Романо аз суханони Криштиану Роналду дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).
Падари Криштиану Роналду Хосе Динис Авейро 7-уми сентябри соли 2005 дар синни 52-солагӣ аз олам даргузашт. Футболбоз дар ин бора вақти бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2006 бо тими миллии Россия (0:0) хабар ёфта буд. Бо вуҷуди ин хабари фоҷиавӣ, бозигар дар ин бозӣ ширкат кард ва рӯзи дигар ба Португалия баргашт. 30-юми сентябри соли 2024 Хосе Динис Авейро 71-сола мешуд.