Бозии даври 1-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо, ки дар он дастаҳои «Аякс»-и Нидерланд ва «Бешиктош»-и Туркия вохӯрданд, дар варзишгоҳи Йохан Кройфф бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Лигаи Аврупо. Марҳилаи гурӯҳӣ. Даври 1-ум
27-уми сентябри соли 2024, ҷумъа. 00:00 бо вақти Душанбе
“Аякс” (Нидерланд) 4:0 “Бешиктош” (Туркия)
1:0 Фитс-Ҷим – 31' 2:0 Годс – 51’ 3:0 Тейлор – 55’ 4:0 Годс – 73’
Дар дақиқаи 31-ум нимҳимоятгар Киян Фитс-Ҷим ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 51-ум бошад бартарии дастаи нидерландиро ҳамлагар Мика Годс пурзӯр кард. Сипас нимҳимоятгар Кеннет Тейлор дар дақиқаи 55-уми бозӣ голи сеюми мизбононро ба самар расонида, голи Мик Годс дар дақиқаи 73-юм голи чаҳорум ва охирини “Аякс” ба ҳисоб рафта буд.
Дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо «Аякс» бо «Славия»-и Прага (рӯзи 3-юми октябр) вомехӯрад. «Бешиктош» бошад дар доираи бозии даври 2-юми ин мусобиқот бо «Айнтрахт Франкфурт» (3-юми октябр) бозӣ мекунад.