Нимҳимоятгари тими “Реал Мадрид” Ҷуд Беллингем дар бораи мушкилоти аслии “Лос-Бланкос” дар оғози мавсим сӯҳбат кард.
«Барои мо дастаро бозсозӣ кардан ҳанӯз душвор аст. Набудани Тони Кроос аз ҷиҳати ритм ва услуби бозии мо хеле эҳсос мешавад. Тони бозингари махсус аст ва онро иваз кардан мумкин нест. Мо бояд роҳҳои дигари ҳалли ин мушкилотро пайдо кунем ва холигиҳои маркази майдонро пур кунем», - иқтибос овардааст Sporting News аз суханони Беллингем
Қаблан Тони Кроос эълон карда буд, ки корномаи футболбозияшро ба итмом мерасонад. Нимҳимоятгари олмонӣ соли 2014 ба тими “Реал Мадрид” пайваст. Дар ин муддат ӯ дар 464 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо ширкат карда, 28 гол ва 98 партофти головар анҷом додааст. Дар ҳайати “Лос-Бланкос” футболбоз чаҳор маротиба ғолиби Лигаи Чемпионҳо, чаҳор дафъа барандаи унвони қаҳрамони Испания ва чаҳор маротиба Суперҷоми Аврупоро ба даст овард.