LIVE

Номи гаронмуздтарин бозигари Ла Лига дар мавсими 2024/2025 маълум гардид

Нимҳимоятгари каталонии «Барселона» Френки де Йонг футболбози сердаромадтарин дар мавсими 2024/2025 дар Ла Лигаи Испания гардид. Дар ин бора портали молиявии Сapology хабар медиҳад.
Маоши футболбози голландӣ ғайр аз нишондодҳои андозӣ 37,5 миллион евро дар як сол аст. Дар зинаи дуюм ҳамлагари поляшагии тими “Барселона” Роберт Левандовски қарор дорад, ки маошаш 33,3 миллион евро дар як сол аст. Дар ҷойи севум бошад футболбози нави «Реал Мадрид» Килиан Мбаппе бо маошаш 31,3 миллион евро мебошад.
Дар даҳгонаи беҳтарин боз панҷ бозигари “Лос-Бланкос” низ ҳастанд: Дэвид Алаба (4-ум), Ҷуд Беллингем (6-ум), Винисиус Жуниор (7-ум), Федерико Валверде (9-ум) ва Тибо Куртуа (10-ум). Дар ҷои панҷум дарвозабони словении «Атлетико Мадрид» Ян Облак ҷойгир шудааст. Дар зинаи ҳаштум бошад нимҳимоятгари “Барселона” Илкай Гюндоган қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив