LIVE

Доварбонуи тоҷик бозии Ҷоми Осиё-2024 U-17-ро ҳакамӣ мекунад

Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 миёни духтарони то 17-сола дар Индонезия ҷараён дорад, ки ҳашт даста барои се роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2024 мубориза мебаранд.
Дар миёни доварони мусобиқот намояндаи Тоҷикистон – ёвари довари ФИФА Дилшода Раҳмонова низ ҳаст. Раҳмонова дар оғози Ҷоми Осиё-2024 ёвари Вероника Бернатская (Қирғизистон) дар бозии гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Австралия (3:0) буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив