LIVE

Бохти мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024

Дар бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 оиди футзал тими миллии Тоҷикистон зидди дастаи мизбон- мунтахаби Таиланд бозӣ намуда, вақти асосӣ бо ҳисоби се бар се хотима ёфт. Дар натиҷаи вақтҳои иловагӣ ҳам гол ба қайд гирифта нашуд ва барои муайян кардани ғолиб дастаҳо ба задани зарбаҳои шашметра пардохтанд.
Вақти иҷрои зарбаҳои шашметра ахиран бозигарони мунтахаби Тайланд дақиқтар баромада, бо ҳисоби 6-5 пирӯзӣ ба даст оварданд. 
Ҳамин тариқ мунтахаби Тайланд роҳхати бозии финалиро ба даст оварда, дар бозии асосӣ бо ғолиби ҷуфти Узбекистон-Эрон бозӣ мекунад.
🏆 Ҷоми Осиё-2024 оиди футзал
 Ниманиҳоӣ
🇹🇭 Таиланд – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 3:3 (6-5).  
🏟 26-уми апрел. Бангкок. Маҷмааи варзишии пӯшидаи Хуамарк.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив