LIVE

«Тоттенхэм» дар пойгаи қаҳрамонӣ қарор гирифта метавонад

«Тоттенхэм»  ба наздикӣ бо ҳарсеи номзадҳои ҷоизавии Премер-Лигаи Англия бозӣ мекунад ва метавонад ба рафти мубориза дар пойгаи қаҳрамонӣ таъсири худро расонад.  Ин ҳам новобаста аз он аст, ки дар рақобати зидди дастаҳои сегонаи аввали ҷадвали ПЛА хол аз даст медиҳад ё на.  
Айни ҳол садринишини ҷадвали мусобиқоти ПЛА тими  «Ливерпул» бо  70  хол буда, «Арсенал»  68 хол ва «Ман Сити»  67 хол дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки то анҷоми мавсими равон ҳашт даври дигар мондааст. 
«Тоттенхэм»  дар даври сипаришуда муқобили «Вест Хэм»   мусовӣ намуда, айни дар зинаи панҷуми ПЛА бо 57 хол қарор дорад. Тибқи ҷадвал бошад бо «Манчестер Сити»  дар даври 34-ум, бо «Арсенал»   дар даври 35-ум ва бо «Ливерпул» дар даври 36-ум вомехӯрад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив