LIVE

Бохти мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар аввалин бозии рафиқона аз Ветнам

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон  (U-23) аввалин бозии рафиқонаи хешро зидди яккачини Ветнам доир кард.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. Муаллифи голи ягонаи бозӣ Ле Нхат Нам гардид. 
Рӯзи шанбе,  23-юми март мунтахабҳои олимпии Тоҷикистону  Ветнам бозии рафиқонаи такрорӣ дар шаҳри Душанбе мегузаронанд. Ин вохӯрӣ соати 20:00 оғоз меёбад.
🤝 Бозии рафиқона
🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-23) – 🇻🇳 Ветнам (U-23) – 0:1
️ Гол: Ле Нхат Нам, 47.
🇹🇯 Тоҷикистон (U-23): Сафармад Ғаффоров, Фахриддин Аҳтамов, Ҳайдар Сатторов, Раҳматшо Раҳматзода, Шоҳрух Сангов, Тоҳирҷон Тағойзода (Абдулло Шарипов, 46, Алиҷон Кароматуллозода, 83), Азизбек Ҳаитов (Ҷоми Назаров, 59), Шӯҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов (Далер Шарипов, 46), Фаридун Давлатов (Ҷонибек Шарипов, 72), Меҳрон Мадаминов (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 72).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив