LIVE

Маҳкамшавии равзанаи зимистонаи трансферӣ дар ПЛР-и Россия

Имрӯз, 22-юми феврал рӯзи охирини кори равзанаи зимистонаи трансферии мавсими -2023/2024 дар  Премер-Лигаи Россия (ПЛР) мебошад.  Бошгоҳҳо имкони имзокунии қарордод бо бозигарони нав то ними шабро доранд ва баъди ин фурсат давраи амаликунии трансферҳо маҳкам карда мешавад. Равзанаи навбатии трансферӣ тобистони соли 2024 кушода мешавад.   
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш оиди он хабаре баромад, ки шурӯъ аз мавсими нав дар ПЛР андоз нисбати  легионерон ҷорӣ карда мешавад. Тибқи лоиҳаи мазкур бошгоҳҳо аз  5 то 10 ҳазор рубл барои ҳар дақиқаи гузаронидаи бозигари хориҷӣ дар майдон пардохт мекунанд. Арзиши андоз аз синну соли бозигари зархарид вобастагӣ хоҳад дошт. Котиби генералии Иттиҳодияи футболи Россия (РФС) Максим Митрофанов тасдиқ намуд, ки роҳандозии ин навъи андоз дар фурсатҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив