LIVE

Петр Сегрт аз вазифаи сармураббигии тими мунтахаби Тоҷикистон канор рафт

Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба далели ба охир расидани муҳлати шартнома вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистонро тарк мекунад. Таҳти роҳбарии ӯ мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият баромад карда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Петр Сегрт барои кори дусолаи муштаракаш изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно мекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт 24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз шуда, 7 бор мусовӣ кардааст ва 6 маротиба ба бохт дучор гардидааст. Инчунин, таҳти роҳбарии Сегрт дастаи мунтахаби Тоҷикистон барандаи ду мусобиқаи байналмилалӣ гардид – соли 2022 тими миллии мо дар мусобиқаи «King's Cup-2022» дар Таиланд ва соли 2023 дар «Ҷоми Мердека» дар Малайзия ғолиб омадааст.

Номи сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив