LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 ба пирӯзии бузург даст ёфт

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи «G» бо ҳисоби бузурги 6-1 бар муқобили мунтахаби Покистон зафар ёфт.
Бозии мазкур дар варзишгоҳи «Ҷинна»-и шаҳри Исломобод доир гардида, нимаи аввали он бо ҳисоби 4-1 ба нафъи футболбозони тоҷик хоима ёфт. Дар нимаи дуюми бозӣ мунтахаби Тоҷикистон ду голи дигар ба самар расонида, ҳисоби ниҳоии бозиро ба шаш бар як расонид.
Голҳои дастаи моро Амадонӣ Камолов (дубл), Рустам Соиров, Парвизҷон Умарбоев, Эҳсони Панҷшанбе ва Шаҳром Самиев ба самар расониданд.
⚽️ Голҳо: Амадони Камолов, 9 (0:1). Рустам Соиров, 13 (0:2). Рахис Набӣ, 21 (1:2). Парвизҷон Умарбоев, 26 (1:3). Эҳсони Панҷшанбе, 45 (1:4), Амадонӣ Камолов 67 (1:5), Шаҳром Самиев 90 (1:6).

Дастаи Тоҷикистон бозии навбатии худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар меҳмонӣ бо тими Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Ин дидор 21 марти соли оянда барпо мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив