LIVE

Шоҳрух Саидзода: «Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё – Иди бузург барои мухлисон!»

«Истиқлол»-и Душанбе баромадашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023\24 рӯзи 19-уми сентябр дар майдони худ муқобили бошгоҳи футболи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар оғоз мекунад.

Дар остонаи оғози бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023\24, президенти КФ «Истиқлол» Шоҳрух Саидзода дар бораи аҳамияти мусобиқоти асосии бошгоҳии Осиё барои футболи тоҷик назари худро баён намуд. 

Тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023\24 қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар гурӯҳи “Е” ҷойгир шуд. Рақибони дастаи пойтахт дар гурӯҳ “Персеплолис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар) ва “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ) мебошанд.  

«Ин мавсим на танҳо барои дастаи мо, балки барои тамоми футболи тоҷик муҳим хоҳад буд», - қайд намуд Шоҳрух Саидзода. Гап дар сари онаст, ки баТоҷикистон бошгоҳҳои пурқувватттарин – қаҳрамонони кишварҳои худ меоянд».

Роҳбари бошгоҳи пойтахт нақши Криштиану Роналдуро дар футболи муосири ҷаҳонӣ, махсусан таъкид намуд. Омадани ӯро мухлисон аз тамоми ҷаҳон орзу доранд. Ба шарофати "Истиқлол"-и Душанбе бошад, ин орзуи мухлисони футбол дар Тоҷикистон ба воқеият табдил меёбад.

Аз нигоҳи сарвари “Истиқлол”, ин далел воқеан таърихӣ хоҳад буд ва боиси дар маркази матбуоти ҷаҳонии варзишӣ қарор гирифтаниТоҷикистон мегардад.

Шоҳрух Саидзода хидмати роҳбарияти бошгоҳи «Ан-Наср»-и Арабистони Саудиро дар назди футболи Осиё қайд намуд. «Бо шарофати кори онҳо дар бозори трансферӣ бошгоҳ Криштиану Роналдуро даъват кард ва аз ин рӯ, Лигаи қаҳрамонҳои КФО ба маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи футболи ҷаҳонӣ табдил ёфт ва ин ба футболи Осиё вусъати назаррас хоҳад дод. Мусобиқа дар тамоми ҷаҳон боз ҳам муҳимтар ва шинохта шудааст.”

Саидзода, ҳусни таваҷҷӯҳ доштани худро ба Криштиану Роналду, махсусан таъкид сохт.

«Ӯ шоҳи футболи имрӯзӣ аст. Ман футболро бе Роналду тасаввур карда наметавонам. Ман муддати тӯлониест, ки мухлиси ин футболбози воқеан бузург ҳастам. Криштиану ҳамсинну соли манаст. Насли ман дар ҳамон фазои футболие ба воя расидааст, ки Роналду бозияшро шуруъ намуд ва имрӯз ӯро ҳаводорӣ менамояд".

Шоҳрух Саидзода азон нигарон аст, ки “Истиқлол” дарқуръакашӣ дар гурӯҳи пурқувваттарин ҷойгир шуд, аммо аз сӯи дигар эҳсоси шодиву ифтихор  дорад, ки қаҳрамони кишвар  дар муқобили бузургтарин футболбози замони мо бозӣ мекунад.

"Дидани Роналду ва дигар ситораҳои ҷаҳон дар майдон дар Душанбе эҳсосоти фараҳбахшу хубе аст, аз ин рӯ, сарфи назар а здушвории бозӣ бо онҳо, "Истиқлол"
Кӯшиш мекунад, ки худро шоиста нишон диҳад ва ба мухлисонаш як иди воқеии футболро тақдим созад."

Саидзода таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати сулҳу субот дар кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имкон пайдо шуд, ки бузургтарин мусобиқаҳои варзишӣ дар Тоҷикистон баргузор карда шаванд.

Шоҳрух Саидзода, ҳамчунин аз Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати муҳаё намудани шароити хуб барои иштироки бошгоҳҳои футболи ватанӣ дар  мусобиқоти бонуфузи осиёӣ, изҳори сипос намуд. 
 
Роҳбари бошгоҳи футболи «Истиқлол» тамоми мухлисони Тоҷикистонро бо ҷашни Рӯзи Истиқлолияти кишвар табрик гуфта, қайд намуд, ки ҳама пешравиҳое, ки имрӯз дар футболи тоҷик ба амал меоянд, самараи соҳибихтиёрии кишвари мо ҳастанд.  Аз ин рӯ, Саидзода аз мухлисони футболи Тоҷикистон дар бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои КФО, ки «Истиқлол» дар он баромад мекунад, даъват намуд, ки бошгоҳи футболи маҳбуби кишварро ҳамаҷониба мухлисӣ карда, фарҳанги баланди хоси мардуми моро нишон диҳанд.

Манбаъ: http://fc-istiklol.tj/

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив