LIVE

Фурӯши чиптаҳо ба бозии "Истиқлол" - "Ал-Дуҳайл" оғоз шуд

Бошгоҳи футболи "Истиқлол" аз имрӯз ба фурӯши чиптаҳо ба бозии ифтитоҳии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё, ки дар он дастаи пойтахт қаҳрамони Қатар тими “Ал-Дуҳайл -ро қабул мекунад, оғоз кард.
Чиптаҳо дар хазинаи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва дар мағозаи  расмии даста дар суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 фурӯхта мешаванд. Чиптаҳои ин бозӣ дар ду категория пешкаш карда мешаванд.  Нархи чипта барои категорияи якум барои минбари асосӣ (бахшҳои 1.2.3.4) 50 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи дуюм 20 сомонӣ муқаррар шудааст. 
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври ифтитоҳии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайл”- и Қатар рӯзи сешанбеи 19 сентябр  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00. 
Мо ҳамаи мухлисонро даъват мекнамоем, ки ба варзишгоҳ омада, қаҳрамони кишварро дастгирӣ кунанд!

Next Post

Комментарии 1

Samad1995 от 17 сентября 2023 21:03
Биёед ягона дастаи иштирокчии механамонро дастгири кунем

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив