LIVE

Баргузории мусобиқаи мини-футбол барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ

31 август - 6 сентябри соли 2023 бахшида ба 32 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи мини-футбол миёни дастаҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корпуси дипломатии муқими Душанбе барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки дар он дастаи Вазорати корҳои хориҷӣ ғолиб гардид. Ғолибони ҷойҳои дуюм ва сеюм дастаҳои Туркманистон ва Русия гардиданд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар маросими ҷоизасупорӣ суханронӣ намуда, сипас ҷоизаҳоро ба ғолибони мусобиқа тақдим намуд.
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои сафоратҳои Арабистони Саудӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Покистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Эрон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин ду дастаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Манбаъ: https://mfa.tj/tg/main

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив