LIVE

Мунтахаби Олмон бар Марокаш дар Ҷоми Ҷаҳон зафар ёфт

Имрӯз, 24-уми июл дар варзишгоҳи «ААМИ Парк — Мелбурн Ректангулар»-и шаҳри Мелбурни  Австралия бозии даври 1-уми чемпионати ҷаҳонии футбол миёни бонувон доир гардид. Ҳарифон дар гурӯҳи H — мунтахабҳои Олмон ва Марокаш бо ҳам вохӯрда, олмониҳо бо ҳисоби бузурги  6:0 ба пирӯзӣ расиданд.
Дар дақиқаи 11-ум олмониҳо ба шарофати голи ҳамлавар Александра Попп ба пеш баромада, голи дуюмро бошад худи  Александра Попп дар дақиқаи 39-ум ба самар расонид.
Сароғози нимаи дуввуми бозӣ бонувони олмонӣ ҳисобро ба се бар сифр расониданд — ин маврид Клара Бюл голзанӣ кард. Баъди даҳ дақиқа бошад худголи Айт Ал  Хаҷ ҳисобро ба чор бар сифр расонид. Дар дақиқаи 79-ум мунтахаби   марокашӣ боз як худголи дигар зад. Муаллифи он Ясмин Мрабет гардид.
Аллакай дар дақиқаи иловашудаи бозӣ ҳамлавари олмониҳо Леа Шюллер шашумин голро вориди дарвозаи мунтахаби  Марокаш намуд ва ҳамин тариқ бозӣ бо ҳисоби 6:0 ба нафъи мунтахаби бонувони Олмон анҷом ёфт.
ҶҶ-2023 (з). Гурӯҳи H. Даври 1-ум
24-уми июли соли 2023, душанбе. 13:30 ДШБ
Олмон (з) 6 : 0 Марокаш (з)
1:0 Попп – 11'   2:0 Попп – 39'   3:0 Бюл – 46'   4:0 Aйт Ал Ҳаҷ – 54'   5:0 Мрабет – 79'   6:0 Шюллер – 90'

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив