Дирӯз, 11-уми июл бозиҳои нахусти марҳилаи якуми ҳазфии Лигаи чемпионҳо доир шуданд.
Тими «Урарту» бар «Зрински»-и босниявӣ зафар ёфта, «Ференсварош» бо «КИ Клаксвик» аз Ҷазираҳои Фарер (0:0) мусовӣ намуд. Илова бар ин, «Партизани» ва БАТЭ-и белорусӣ ҳам (1:1) мусовӣ карданд.
Натиҷаи бозиҳои аввали марҳилаи якуми ҳазфии Лигаи чемпионҳо:
«Урарту» — «Зрински» — 0:1.
«Жалгирис» — «Струга» — 0:0.
«Ракув» — «Флора» — 1:0.
«КИ Клаксвик» — «Ференсварош» — 0:0.
«Партизани» — БАТЭ — 1:1.
«Линколн» — «Қарабоғ» — 1:2.
«Хамрун Спартанс» — «Маккаби Х» — 0:4.
«Олимпия Л» — «Валмиера» — 2:1.
«Шэмрок Роверс» — «Брейдаблик» — 0:1.
«Балкани» — «Лудогорес» — 2:0.
Ҷадвали бозиҳои Лигаи чемпионҳо дар рӯзи 12-уми июл
Имрӯз, 12-уми июл бозиҳои аввали марҳилаи якуми ҳазфии Лигаи чемпионҳои мавсими-2023/2024 доир мешаванд.
Бозиҳои рӯзи 12-уми июл (вақти бозиҳо — ба вақти Душанбе)
19:00. «Астана» (Қазоқистон) — «Динамо» Тифлис (Гурҷистон)
21:00. «ХИК» (Финляндия) — «Ларн» (Ирландияи Шимолӣ)
22:00. «Хеккен» (Шветсия) — «ТНС» (Уэлс)
22:30. «Фарул» (Руминия) — «Шериф» (Молдавия)
23:30. «Слован» Братислава (Словакия) — «Свифт Эсперанж» (Люксембург)
