LIVE

Вахдат Ҳанонов қаҳрамони Эрон гардид

Дастаи “Персеполис”, ки дар ҳайати он ниммуҳофизатгари мунтахаби Тоҷикистон - Ваҳдат Ҳанонов ҳунарнамоӣ мекунад бо шикаст додани дастаи “Нассоҷӣ”  дар даври охири чемпионати Эрон қаҳрамон  гардид.
Бозии дастаҳои “Персеполис” ва “Нассоҷӣ” дирӯз 18-уми май доир  гардид. Дар ин бозӣ дастаи “Персеполис” бо ҳисоби 4 бар 0 ғалаба карданд. Голҳоро Али Немати, Саид Содиқӣ, Рафий Суруш ва Милад Сарлак ба самар расониданд.

Бо ин пирӯзӣ дастаи Ваҳдат Ҳанонов шумораи имтиёзҳояшро ба 66 адад расонида, қаҳрамонӣ мусобиқот гардид. Онҳо аз дастаи “Сипоҳон”, ки дар мавқеи дуюм аст, танҳо як имтиёз бештар ба даст оварданд.
Беҳтарин нишонзани мавсими имсолаи чемпионати Эрон аз ҳайати тими “Сипоҳон” – Шаҳриёр Мағанлоу бо 13 гол эътироф гардид. Футболбози тоҷик ин мавсим дар ҳайати тими “Персеполис” ба задани 1 гол ноил гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив