LIVE

Ваҳдат на камтар аз як моҳро берун аз майдони футбол мегузаронад

Муҳофизатгари тими миллӣ ва бошгоҳи “Персеполис”-и Эрон Ваҳдат Ҳанонов зимни тамринҳо дар ҳайати дастаи шаҳри Теҳрон аз зонуи худ осеб бардоштааст ва интизор меравад, ки барои барқароршавияш наздики 1 моҳ лозим хоҳад шуд. Дар ин миён дастаи “Персеполис” як чанд дидор анҷом медиҳад. Агар ӯ сиҳат мебуд, он вақт мо шоҳиди бозии ду футболбози тоҷик Эҳсони Панҷшанбе ва Ваҳдат Ҳанонов бар муқобили ҳамдигар мешудем, зеро дастаҳои футболи   “Персеполис” ва "Зуб Оҳан" рӯзҳои наздик рақобат мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив