LIVE

Дубли Манучеҳр Ҷалилов ба «Истиқлол» пирӯзӣ овард

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии даври дуюми чемпионати Тоҷикистон-2023 дар майдони худ бар тими «Файзканд»-и Восеъ (2:1) ғалаба кард. Манучеҳр Ҷалилов аз ҳайати дастаи «Истиқлол» ба номаш дубл сабт намуд.

Бошгоҳи «Хуҷанд» натавонист ғалабаро дар бозӣ муқобили «Регар-ТадАЗ»  ба даст орад. Дар натиҷа рақобат бо натиҷаи – 2:2 ба анҷом расид.

Дар бозӣ миёни КМВА-и Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб низ ғолиб маълум нашуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Пас аз даври дуюм дастаҳои "Истиқлол" ва "Эсхата" бо 6 имтиёзӣ дар садри ҷадвал қарор гирифтанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив