LIVE

"Челси" кофту кофт боз Фрэнк Лэмпардро ёфт

Фрэнк Лэмпард ба "Челси" баргашт. Ба гуфтаи Фабритсио Романо, мураббии 44-сола бо бошгоҳи Лондон шартномаи кӯтоҳмуддат ба имзо расонид.

Лэмпард клуби Лондонро то охири мавсими ҷорӣ сарварӣ мекунад. Лэмпард қаблан аз соли 2019 то 2021 сармураббии “Челси” буд.

Ёдовар мешавем баъд аз Томас Тухел ва Грэм Поттер ин сеюмин мураббие аст, ки дар давоми мавсим сармураббии "Челси" мешавад. 

Луис Энрике ва Юлиан Нагелсман нахостанд дар охири мавсим роҳбарии дастаро ба уҳда бигиранд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив