LIVE

Барои Неймар мавсими футбол ба охир расид

Ҳамлагари бразилии ПСЖ Неймар бар асари ҷароҳати пойяш то охири мавсим ба майдон намеояд.

Пас аз осеби гирифтааш рӯзи 20 феврал кормандони тиббии ПСЖ тавсия доданд, ки ҷарроҳии пайвандҳо гузаронанд, то хатари ҷиддии такроршавӣ пешгирӣ карда шавад. Амалиёт рӯзҳои наздик дар беморхонаи Доҳа анҷом дода мешавад.

Ҳамин тариқ, ҳамлагари 31-сола бозии ҷавобиро бо «Бавария» дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо, ки 8 март дар Алянс Арена баргузор мешавад, аз даст хоҳад дод. Дар вохурии аввал мюнхенхо галаба карданд (1:0).

Ҳамлагари 31-сола дар ин мавсим дар 20 бозии Лигаи якум ба майдон баромада, 13 гол ва 11 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив